Мулоқот дар КҲФ

22 июни соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати шахсӣ бо муаллими калони кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ Ҳ. Имомов вохӯрӣ доир шуд. Мавзуъ «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлол» буд.

Мавсуф зимни суханронии худ қайд намуд, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи бунёди давлати соҳибистиқлоли миллӣ ва пешбурди тамоми паҳлуҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, аз муҳимтарин дастовардҳои мост.

Конститутсия ба мо имкон дод, ки ҷомеа ва давлат устувор шаванд, сулҳу оромӣ, суботи  сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намуда, барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити арзандаи зиндагӣ ва рушди озодона фароҳам орем.

Дар ин вохурӣ ёдоварӣ шуд, ки соли 2024 30-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.

«Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосии давлати мо буда, қувваи олии ҳуқуқӣ дорад, ҳама қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ дар асоси конститутсия ва тибқи он қабул карда мешаванд», - афзуд ӯ. 

Дар поёни нишаст миёни меҳмон ва ширкаткунандагони вохӯрӣ дар доираи мавзуи мавриди суҳбат табодули афкор сурат гирифт.

барчасп: