Хулосаи маълумоти ҷамъшуда зарфи 24 соати гузашта ҳикоят аз селҳо дар гӯшаву канори кишвар ва ҳалокати се нафар дар ду рӯйдоди нохуш мекунад.
Чунончӣ, рӯзи 23 июни соли 2024 дар ноҳияи Лахш, Шамсиддин Шоҳин, шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Шаҳристон борони шадид сабаби омадани селҳо шуд.
Бар асари сели азим дар қаламрави ноҳияи Лахш, ки соати 04:15 дақиқа сабт шуд, об таҳхона ва ду қитъаи наздиҳавлигии сокинони деҳаи Сариосиёи ҷамоати деҳоти Наврӯзро пур кард.
Бо ҷалби неру ва воситаҳои низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар минтақа паёмадҳои ин офати табиӣ бартараф карда шуд.
Дар ҷануби кишвар 23 июни соли 2024 соати 14:40 дар деҳаи Ёл, ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Шоҳин дар натиҷаи борони шадид сел роҳи байни деҳаро вайрон кардааст. Ҳамчунин, дар километри 224 то 237-уми шоҳроҳи байналмилалии Шамсиддин Шоҳин-Дарвоз-Хоруғ резиши сангу ярч боиси баста шудани ин қитъаҳои роҳ шудааст.
Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ техника кормандони хадамоти роҳи ноҳия ҷалб карда шудааст. Дар айни замон ҳаракати нақлиёт дубора аз сар гирифта шудааст.
Мутаассифона, тавсияҳои КҲФ дар мавриди риояи қоидаҳои бехатариву амният на ҳамеша аз ҷониби шаҳрвандон ба инобат гирифта мешавад. Чунончӣ, рӯзи 23-юми июни соли ҷорӣ дар пайи раъду барқ ду сокини деҳаи Солимолидашти ҷамоати деҳоти Тоҷикистон, ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон, ки 18 ва 20 сол доштанд ва барои ҷамъоварии ғизои чорво ба саҳро рафта буданд, дучори барқзанӣ шуданд ва дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Ҷасадҳо ба мақомоти дахлдор супурда шуданд.
Худи ҳамон рӯз, соати 16:20 дар деҳаҳои Панҷрӯд, Шашқад ва Артучи ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент сел роҳи байни деҳаҳоро баст.
Дар ин мавзеъхо кори бартараф намудани окибатхои офати табий бо истифода аз техникаи вазнини муҳандисӣ давом дорад.
Мутаассифона, ҳангоми кӯшиши убур аз сел як сокини 22-солаи деҳаи Шашқади ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ ба ҳалокат расидааст. Ҷасад пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.
Ҳамчунин, дар ҳудуди деҳаи Ҳисор, ҷамоати деҳоти Бунҷинаки ноҳияи Шаҳристон бар асари омадани сел роҳҳои байни деҳаҳо баста шудаанд. Дар ҷои ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия кор мекунад.