Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои 23-24 июни соли 2024 дар як катор районхои кӯҳӣ ва доманакӯҳии кишвар, аз ҷумла вилояти Сугд ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимоли омадани сел вуҷуд дорад.
Ғайр аз ин болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо, резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ ва ярч дар назар дошта шудааст.
Дар ин робита, Кумита бори дигар ба сокинону меҳмонони кишвар муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили обҳо, сайругашт дар кӯҳҳо ва сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
Ва ҳамчунин, Кумита аз аҳолӣ даъват мекунад, ки ҳангоми ҳаракат аз ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, дар ин рӯзҳо аз ҷамъоварии занбӯруғ, гиёҳҳои шифобахш, ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.
Илова бар ин, КҲФ аз аҳолӣ даъват мекунад, ки барои тоза кардани маҷрои партовгоҳҳо, дарёҳо, сойҳо, каналҳо ва дигар обгузарҳои минтақаи худ талош кунанд.