Рейдҳои муштарак

22 июни соли 2024 бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар об дар фасли тобистон кормандони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳили кӯлу дарёву каналҳои шаҳри Душанбе рейдҳои пешгирикунанда гузарониданд.

Ин гуна рейдҳо дар соҳили дарёҳои Душанбе, Лучоб ва Канали Калони Хисор, ки дар худуди шахри Душанбе вокеъ аст, роҳандозӣ шуд. Мақомот мегӯянд дар соҳили ин рӯдҳо мавзеъҳое ҳастанд, ки  барои шиновариву оббозӣ мамнуъанд, вале сокинон ғайриқонунӣ меоянд ва оббозӣ мекунанд.

Аксари онҳо ҷавонону наврасонанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки омори ҳалокшудагон дар обҳои кишвар миёни наврасону кӯдакон хеле зиёд аст.

Ширкаткунандагони рейд бо сокинон ҳамсуҳбат шуданд, ба онҳо дар борои ҷойҳои мамнуъ гуфтанд, аз қоидаҳои оббозӣ ёдовар шуданд, усулҳои ёриҳои аввалини тиббӣ ба ғарқшудагонро фаҳмонданд. 

Дар ҷараёни ин рейҳо ҳамзамон касоне, ки қоидаҳои будубош дар соҳили обҳоро вайрон мекунанд, ошкор кардан два бо онҳо алоҳода ҳамсуҳбат шуданд.

Ба наврасон фаҳмонданд, ки бе назорати волидонашон омадан барои оббозӣ хатари зиёд дорад. Бояд ҳатман бо касоне оянд, ки онҳоро раҳнамоӣ ва назорат кунанд. 

Гуфтанист, ки ин гуна рейдҳо дар саросари кишвар гузаронида мешаванд ва ҳадаф пешгирӣ аз ҳаводиси нохуш аст.

барчасп: