Наҷоти ду марди баркамол аз зери ғарами бузурги барф дар роҳи Душанбе-Хуҷанд
Чоп шуд: 18/02/2017 | adminНаҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ду сокини 34 ва 35-солаи шаҳри Хуҷандро аз зери тарма зинда наҷот доданд. Онҳо ба ҷойи амн интиқол ёфтанд, вале аз бистарӣ шудан дар бемористон худдорӣ намуданд.
Аз 28-уми январ то ба имрӯз наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи роҳҳои мошингарди кишвар шабонарӯзӣ фаъолият доранд.