Лититсия Россано: Ҳамоиши имрӯз ҷустуҷӯи роҳҳои раҳоӣ аз мушкили тӯфонҳои гарду ғубор аст

Ин нишаст  талоше барои иҷрои  барномаи иқдоми минтақаӣ ҷиҳати мубориза бо тӯфонҳои гарду ғубор дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP/78/12/Add.1) аст, ки Иҷлоссияи 78-уми Комиссияи ЭКАТО-и СММ, ба вижа банди 30 (d): барои арзёбии муштараки тӯфонҳои гарду ғубор ба пиряхҳо ва арзёбии эҳтимоли рух додани офатҳои табии дуюмдараҷа, аз ҷумла хушксолӣ ва сел дар навоҳие, ки гарду ғубор метавонад ба таъмини об барои аҳолӣ таъсир гузорад ва ғайра тасвиб шудааст.

Дар ин бораи  Лититсия Россано-диреткори Маркази тавсеаи идораи иттилооти офатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (APDIM) изҳори назар намуд.

Хонум Лититсия Россано, ки имрӯз дар Ҷаласаи минтақавии “Дарки таъсири тӯфонҳои гарду ғубор бар пиряхҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором: ба сӯи ҳифозат ва ҳамкорӣ” суханронӣ мекард, аз авҷи тӯфонҳои ғубор дар минтақа ва таъсири он ба иқлим изҳори нигаронӣ намуд.  

Вай гуфт ҷаласаи имрӯз дар доираи Даҳаи Созмони Милали Муттаҳид барои мубориза бо тӯфонҳои гарду ғубор, ки тавассути СММ барои солҳои 2025-2034 эълом шудааст, ҳамчунин барномаи иқдоми минтақаӣ барои мубориза бо тӯфонҳои гарду ғубор дар ҳавзаи кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором, ки Иҷлоссияи 78-уми ЭСКАТО СММ тасдиқ кардааст баргузор мешавад.

Хонум Россано изҳори умед кард, ки ин ҳамоиш калиди бисёр аз муаммоҳоро пайдо мекунад ва ширкаткунандагон бо изҳори назарҳои худ роҳҳоӣ коҳиши зарар аз ин гуна тӯфонҳоро пайдо ва ироа мекунанд.

барчасп: