Наҷоти ду марди баркамол аз зери ғарами бузурги барф дар роҳи Душанбе-Хуҷанд

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ду сокини 34 ва 35-солаи шаҳри Хуҷандро аз зери тарма зинда наҷот доданд. Онҳо ба ҷойи амн интиқол ёфтанд, вале аз бистарӣ шудан дар бемористон худдорӣ намуданд.
Аз 28-уми январ то ба имрӯз наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи роҳҳои мошингарди кишвар шабонарӯзӣ фаъолият доранд. Ба огоҳиҳои ҳамарӯзии Кумита ба аҳолӣ нигоҳ накарда, баъзе афрод ҳамоно ҷонашонро дар хатар мегузоранд ва бо ҳамон роҳҳои пурхатари тармахез озими сафар мешаванд.
Чунончӣ, 17 – уми феврали соли 2017 бар асари лағзиши тарма дар километри 54-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва хадамоти роҳи ширкати  Innovative Road Solutions (IRS) дар ҷараёни роҳандозии корҳои садамавиву наҷот муваффақ шуданд, ки аз зери ғарами бузурги барф ду нафарро зинда берун кашанд.
Инҳо сокинони шаҳри Хуҷанд Аёнов Шуҳрат, соли таваллудаш 1982 ва Тоҳиров Эҳсон, соли таваллудаш 1983 буданд, ки аз Хуҷанд ба самти Душанбе ҳаракат мекарданд.
Ба ҷабрдидагон аввалин кумакҳои тиббӣ расонда шуданд ва ёрии техникаи IRS онҳо ба ҷойи амн интиқол ёфтанд.
Ҳарду бистарӣ шудан дар бемористонро рад карданд.