29-уми апрели соли ҷорӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19 ноҳияи Сино, чорабинии Рӯзи мудофиаи граждании намунавӣ ташкил ва гузаронида шуд. Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур дуруст амал намудани коллективи омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимӣ ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолатҳои фавқулодда мебошад.
Мувофиқи сенарияи чорабинии мазкур дар ҳудуди шаҳри Душанбе заминларзаи шартии шадид ба амал меояд.
Бо мақсади эмин нигоҳ доштани саломатии хонандагон роҳбарияти муассиса бо садо додани бонги хатар хонандагонро аз бинои муассисаи таълимӣ ба ҷойи бехавф мебароранд. Тибқи тартиби муқарраргардида дар муассисаи таълимӣ неруҳои ғайриҳарбӣ фаъолият доранд, ки то ҳозир шудани сохторҳои дахлдор баҳри наҷоту расонидани кумакҳо ба кор шурӯъ менамоянд.
Баъдан тибқи нақшаи хабардоркунӣ сохторҳои зернизомҳои Низоми ягонаи шаҳри Душанбе оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ба муассисаи таълимӣ ҳозир шуда, дар бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи шартӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд.