25 апрели соли 2025 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ноҳияи Шоҳмансур «Рўзи мудофиаи граждании намунавӣ» дар мавзўъи: «Амали хонандагони муассисаи таҳсилот ҳангоми ба амал омадани заминларза», ташкил ва гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур муовинони Раиси ноҳияи Шоҳмансур, муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе, намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия, директорони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳия, қувва ва воситаҳои Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат, зернизомҳои тиббӣ, барқ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва инчунин хонандагону омўзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ноҳияи Шоҳмансур иштироқ намуданд.
Дар рафти машқ, ҳамоҳангии қувва ва воситаҳои Зернизомҳои вазифавии низоми ягона, Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат ва нерўҳои ғайриҳарбии Муассисаи таҳсилоти миёнаи номбурда, ба роҳ монда шуд.
Нерўҳои ғайриҳарбии муассисаи таълимии мазкур, то ҳозир шудани қувваҳои зернизомҳо, барои бартараф намудани пешгирии ҳолатҳои фавқулодда амалиётҳо анҷом доданд.
Тамоми чорабиниҳои ба нақша гирифташуда, аз ҷиҳати методӣ дуруст иҷро кардашуда аз тарафи нозирони дар чорабинӣ ҳузурдошта баҳои хуб гузошта шуд.
Инчунин бояд қайд кард, ки рафти чорабинии мазкур, аз тарафи намояндагони шабакаҳои телевизиони “Тоҷикистон” ва “Душанбе - НD” наварбардори карда шуд.