Рӯзи мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе

Дар доираи чорабиниҳои якмоҳаи мудофиаи гражданӣ тайи чанд рӯзи охир аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе бо мақсади тарбияи насли наврас ва тарғиби чораҳои бехатарӣ дар байни кӯдакон чорабиниҳо ташкил ва баргузор карда шуданд.

Чунончӣ, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Амали хонандагони муассисаи таълимӣ ҳангоми заминларза» «Рӯзи намунавии мудофиаи гражданӣ» ташкил ва баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳриДушанбе ва ҳайати шахсии он, мудири шуъбаи маорифи ноҳия, мудирони мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳия, наҷотдиҳандагони Раёсат, инчунин хонандагону омӯзгорони муассисаи таҳсилоти умумӣ иштирок намуданд.

Мақсади асосии баргузории чорабиниҳо санҷиши амалии қобилияти иштирокчиёни раванди таълимии мактабҳо оид ба амалҳои возеҳ ва муташаккилона барои ҳифзи ҳаёт ва саломатии худ дар ҳолатҳои фавқулодда мебошад.