Тибқи нақшаҳои қаблан таҳияшуда оид ба гузаронидани таълими мудофиаи гражданӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуровичорабнииамал ҳангоми хатари таҳдиди ҳолатҳои фавқулодда гузаронида шуд.
Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Турсунзода Дилором, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Абдуллозода Махсуда, намояндагони Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, 90 нафар роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 90 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2175 нафар хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №15, кормандони техникӣ, дигар муассисаҳои таълимии томактабӣ иштирок намуданд. сетьхои электр, ёрии таъчилии тиббй, отрядхои сухторхомушкунй дар машгулиятхои намоишй фаъолона иштирок карданд.
Дар рафти чорабинӣ озмуни расми беҳтарин дар мавзӯи ҳолатҳои фавқулодда ва дарсҳои кушод дар синфҳои 2 ва 6 дар мавзуъҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, расонидани ёрии аввал дар ҳолатҳои фавқулодда, усулҳои ҳифзи хонандагон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ташкил ва гузаронида шуданд.
Марҳилаи дигари Рӯзи Мудофиаи шаҳрвандӣ дар бораи эвакуатсияи донишмӯзон ва кормандон дар ҳолатҳои фавқулодда буд.