Дарҳои оҳанӣ, ки бо нархи гарон харидаву насб карда мешаванд, баъзан барои соҳибонашон мушкилот пеш меоранд. Ҳолатҳое рух медиҳанд, ки калид масдуд мешавад ва ё даруни қуфл мешиканад. Дар аксар маврид одамон намедонанд чӣ кор кунанд ва баъзан ба ном устоҳо коре мекунанд, ки дар боз мешавад, вале ба сурату намуди зебои дар осеб мерасад. Аммо мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода роҳҳои безарари боз кардани ин гуна дарҳоро медонанд.
Яке самтҳои басо муҳими фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозии корҳои садамавиву наҷот аст.
Зарфи шабонарӯзи гузашта Дастаи зудамали наҷотдиҳии Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни баргузории ҳамин гуна як иқдомот ду дари оҳаниии масдудшударо ба рӯйи соҳибонашон боз карданд.
Ин ду рӯйдод дар кӯчаҳои Яккачинор ва Теҳрони пойтахт рух доданд ва бошандагон шикоят аз он доштанд, ки калид дар қуфлҳо масдуд шудааст. Соҳибони хонаҳо дар боз кардани дарҳо оҷиз буданд, аз сӯйи дигар беэҳтиётӣ метавонист боиси харобии дар шавад. Ин буд, ки онҳо ба бахши навбатдории Кумита муроҷиат карданд.
Кормандон сари вақт ба маҳалли ҳодиса расиданд ва ин ду дарро бе ягон осеб бо ёрии таҷҳизоти вижа боз намуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки зарфи нуҳ моҳи соли ҷорӣ сохторҳои наҷотдиҳии Кумита 539 баромади фаврӣ-амалиётӣ анҷом дода, 146 нафарро наҷот доданд, ки дар 31 ҳолат бар асари боз кардани қуфлҳои харобшуда буд.