Равоншиносони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар минтақаҳои ҳолатҳои фавқулода бо ҳама хадамоти фаврӣ ҳузур меёбанд ва бояд, ки донишҳои лозим дар бораи чигунагии корҳои наҷот ва расонидани кумакҳои аввалияи тиббиро донанд. Бо дарназардошти ин дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумита равоншиносони Раёсати махсусгардонидашудаи ҷустуҷӯиву наҷот давраи омӯзишӣ дар мавзуи “Такмили нерӯи кормандони КҲФ оид ба расонидани ёрии психологӣ дар минтақаҳои ҳолатҳои фавқулода” мегузарад.
Муддати як ҳафта 11 нафар кормандони зерсохторҳои гуногуни Кумита техника ва равишҳои пушти сар кардани ҳолатҳои буҳронӣ, таҳкими саломатии равонӣ, ҳамчунин мусоидат ба рушди шахсият ва худшиносиро меомӯзанд.
Доктори илмҳои равоншиносӣ Нафиса Юнусова ва муаллими калон Маҳмадулло Давлатов – устодони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, наҷотдиҳандагон, духтурон ва дигарон мураббиёни ин омӯзишҳо мебошанд.
Ин тамрин бо дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад.
Ҳамчуноне ишора шуд, дар ин давраи омӯзишӣ ширкаткунандагон расонидани ёриҳои аввалини тиббӣ ба зарардигагон дар садамаҳои кимиёвиву радиатсионӣ, суқути ҳавопаймоҳо, заминларза ва фурӯ рафтани хонаҳоро тамрин мекунанд.
Дар поёни давраи омӯзишӣ ва баъди супурдани имтиҳоноти назариявиву амалӣ ширкаткунандагони он соҳиби шаҳодатномаҳо хоҳанд шуд.