Дар доираи ҳамкориҳои байниидоравӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ мутахассисони Маркази таълимӣ-методии Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон барои кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дарси омӯзишӣ гузарониданд.
Бар асоси дархости хаттӣ дар бораи ироаи маълумот, омодасозии кормандон ба офатҳои табиии эҳтимолӣ, мутахассисони Маркази таълимӣ-методии Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон як дарси омӯзишӣ дар мавзуи “Тағйири иқлим ва афзоиши теъдоди офатҳои табиии алоқамд ба об” роҳандозӣ карданд. Дар ин омӯзиш бештар аз 200 нафар кормандони Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон ширкат намуданд.
Мутахассисони КҲФ ҳамчунин як силсила тавсияҳои рафтори дуруст ҳангоми офатҳои табиӣ ва техногениро ба ширкаткунандагон пешниҳод карданд.
Ин дарси омӯзишӣ ба мутобиқат ба тағйири иқлим, коҳиши хатари офатҳои алоқаманд ба таъсирот ва хатарҳои иқлим мусоидат хоҳад кард.