Тоҷикистон ва Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ ҳамкориҳои худро дар заминаҳои коҳиши хатари офатҳо, мутобиқ шудан ба иқлим, омодагиҳо ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода густариш медиҳанд. Дар ин бора Ёддошти тафоҳуме гувоҳ аст, ки имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шуд.
25 октябри соли 2019 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Ёддошти тафоҳум миёни Кумита ва Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар бораи ҳамкориҳо дар самти омодагӣ, бартарафсозӣ ва коҳиши хатари офатҳо, ҳамчунин мутобиқ шудан ба тағйири иқлим баргузор шуд.
Ин ҳуҷҷат аз ҷониби Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Директори Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Алберто Коррея Мендес имзо гардид.
Санади мазкур имкон хоҳад дод ҳамкориҳо дар самти таъмини омодагиҳо ба ҳолатҳои фавқулода ва вокуниш густариш ёбанд, хатари офатҳо коста гарданд, одамон беш аз ҳар вақти дигар ба тағйири иқлим мутобиқ шаванд.
Бар асоси Ёддошти тафоҳум ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкориҳои мутақобила дар масъалаҳои коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома медиҳанд.