«Ҳеч касе бетараф нест”. Ҳамин буд шиори даҳрӯзаи коҳиши хатари офатҳо, ки ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офоти табиӣ бахшида шуда буд.
Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо созмонҳои байналмилалӣ як силсила чорабиниҳоеро роҳандоз кард, ки ҳадафи онҳо боло бурдани сатҳи огоҳиҳои мардум дар бораи офатҳои гуногуни табиӣ ва амалҳои зарурӣ дар ин ҳолатҳо, ҳамчунин расонидани аввалин ёриҳои тиббӣ ба зарардидагон буд.
18 октябри соли 2019 ин даҳрӯзаи коҳиши хатари офатҳо пурра ба анҷом расид ва радиои “Ватан” ба ин муносибат барномаеро бо номи “Фарогирӣ ва коҳиши хатари офатҳо” пахш кард, ки дар он коршиносон ва намояндагони ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе “Имконият”, Кумитаи занони СММ, Барномаи Рушди СММ бо сармоягузории Агентии швейсарии рушд ва ҳамкорӣ ширкат намуданд. Ҳадафи барнома баланд бардоштани сатҳи огоҳиҳои мардум, аз ҷумла афроди дорои имкониятҳои маҳдуд буд.
Ҳамчуноне яке аз ширкаткунандагони барнома, сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд полковник Ҷамшед Камолов гуфт: “имсол Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо ба татбиқи Барномаи қолабии Сендай бахшида шуда буд. Ин барнома ба коҳиши зарар аз офатҳои табиӣ равона шудааст. Ин масъала боз ҳам густардатару фарогиртар дар Стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2019-2030 омадааст, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 декабри соли 2018 тасдиқ кардааст”.
Дар поёни барнома радиовикторина бахшида ба ин рӯз доир шуд. Ғолибони он соҳиби дипломҳои вижа ва туҳфаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Барномаи Рушди СММ ва Агентии швейсарии рушд ва ҳамкорӣ хоҳанд шуд.