Санаи 19.10.2019 дар толори маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати шахсӣ вобаста ба мулоқоти Президенти ҶТ бо кормандони соҳаи саноати кишвар машғулияти омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар машғулият аз ҷониби маърӯзачӣ баррасии суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаи саноат сурат гирифта, мазмуну моҳияти он баррасӣ гардид. Шарҳ дода шуд, ки пешравии соҳаи саноат дар солҳои соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бадаст омадааст. Инчунин, оид ба санаотикунонии босуръати кишвар, ки ҳадафи чоруми стратегии мамлакат маҳсуб меёбад ва бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардид, мавриди муҳокима ва саволу ҷавоб қарор гирифт.
Ҳамчунин, бандҳои асосии суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи саноат, ҷанбаҳо ва дастовардҳо, сармоягузорӣ, истифодаи мақсадноки захираҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Маълумотнома барои иттилоот пешниҳод карда шуд.