Ҷалби бачаҳои дорои имкониятҳои маҳдуд ба мусобиқоти варзишӣ аз ҷониби КҲФ ва Барномаи Рушди СММ

Атфоли дорои имкониятҳои маҳдуд ниёз ба таваҷҷуҳ доранд. Онҳо касонеанд, ки бо нуқсҳои модарзодӣ ба дунё омадаанд ва ё бар асари тасодуфҳое ё аз пои равон монда ва ё гирифтори нуқси дигар ҷисмонӣ гаштаанд. Таваҷҷуҳ ба онҳо боиси рӯҳбаландиву хушдилии онҳо мешавад. Ба вижа агар идораҳои давлатӣ бо ҳар сабабеву ҳар ҷашне ё суруре аз онҳо ёд кунанд. Ва барномаи субҳи имрӯз ҳам аз ҳамин силсила таваҷҷуҳҳо буд, ки ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо тарҳрезӣ шуда буд.

17 – уми октябри соли равон Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамроҳ бо лоиҳаи идораи хатари офатҳои табиии Барномаи Рушди СММ ва сармоягузории Агентии швейсарии рушд ва ҳамкориҳо дар Тоҷикистон дар доираи Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо чорабинии варзишӣ гузаронид.

Ин чорабинӣ дар қаламрави Маркази омӯзишиву методии КҲФ гузашт ва дар он 30 нафар бачаҳои имконияташон маҳдуди ташкилоти ИРОДА ширкат намуданд.

Ба бачаҳо барномаҳои кашидани арғамчин, эстафета, партови тӯб бо сар ва дигар намудҳои варзиш пешниҳод шуд. 

Бачаҳо бо завқ дар ин мусобиқот ширкат карданд, маҳорати худро нишон доданд ва аз уҳдаи вазифаҳои гузошташуда ба хубӣ баромаданд. 

Дар поёни чорабинӣ ба бачаҳо аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дипломҳо ва аз Барномаи Рушди СММ туҳфаҳо супурда шуданд.

барчасп: