Бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарф намудани офатҳои табиӣ дар соли 2019, ҳамчунин барои беҳтар намудани ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозиҳо миёни вазоратҳо ва идораҳо – аъзоёни Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода ва ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Гурӯҳи арзёбиҳои фаврӣ ва ҳамоҳангсозии назди ҲФ (РЕАКТ) аз 14 то 16 октябри соли равон тамрин дар мавзуъи “Вокуниши нерӯҳо ва воситаҳо ба ҳолатҳои фавқулодаи алоқаманд ба заминларза” гузаронд
Тибқи сенария омӯзиш, ки дар се марҳила баргузор гардид, масъалаҳои омодагии мақомти идории мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулода ва вазорату идораҳои Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода ва шарикони ёриҳои башардӯстона мутобиқ ба Ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳамчунин нерӯҳо ва воситаҳо ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода баррасӣ шуданд.
Барои ҳамоҳангсозӣ ва банақшагирии фаъолиятҳои якҷоя 14-уми октябри соли 2019 дар Маркази ҷумҳуриявии омӯзишӣ-метоии КҲФ дар мавзуъи “Василаҳои байналмилалӣ ва механизмҳои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода” доир гардид. Ин семинар аз ҷониби намояндагони ташкилоти шарикони РЕАКТ барои намояндагони мақомоти давлатӣ (хадамоти мудофиаи гражданӣ) роҳандозӣ шуд.
Дар семинар меъмории башардӯстонаи байналмилалӣ, ҳамчунин василаҳо ва механизмҳои мавҷудаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода ба намоиш гузошта шуд.
15 октябри соли 2019 дар меҳмонхонаи Тоҷикистон ситоди фаврии омӯзишҳои ситодӣ гузашт, ки дар он роҳбарони вазорату идораҳо ширкат варзиданд. Дар он бо истифода аз сенарияи заминларза дар наздикии яке аз шаҳрҳои кишвар ширкаткунандагон чораандешӣ карданд, аз таҷрибаҳо ва малакаҳо мутобиқ ба меъёрҳои мавҷудаи кумакрасонӣ ва тибқи нақшаҳои мавҷудаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда кор гирифтанд. Давраи аввали омӯзиш 6-48 соат баъди офатро дар бар мегирифт, давраи дуюм ба замони вокуниш баъди 72 соат то 10 рӯзи офат иртибот мегирад.
16 октябри соли 2019 дар қаламрави КҲФ воқеъ дар дараи Қаратоғ тамринҳои амалӣ ва саҳроӣ гузаштанд.
Беш аз 10 муассисаи давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати нақлиёт, Вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Раёсати СММ оид ба корҳои паноҳандагон, Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ, Агентии Оғохон оид ба рушд, Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ ва Кумитаи Ҳилоли Аҳмар ширкат намуданд.
Созмонни ҷаҳонии тандурустӣ, Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ ва намояндагон ва мутахассисони ВҲФ Русия чун нозир даъват шуда буданд.