Рӯзи “Дарҳои боз” дар Раёсати Суғд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд  бахшида ба «Рўзи 13 октябр- Рўзи байналмиллалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ” Рўзи дарҳои кушод баргузор гардид.

         Дар чорабинии мазкур донишҷўёни колеҷи тиббии шаҳри Гулистон, хонандагон ва омўзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳри Хуҷанд, омўзгорони «Мактаби болаёқат»-и шаҳри Хуҷанд фаъолона ширкат варзиданд.

Чорабиниро сардори шўъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсат подполковник  Холмаҳмад Холов бо суханони ифтитоҳӣ оғоз бахшида, ба ҳозирин ҳадафи ин рӯзро фаҳмонд. 

Сипас донишҷўёну хонандагон ба гурўҳҳо тақсим шуда, дар синфхонаҳои маркази таълимӣ-методии Раёсат капитан Абдумалик Абдуҳамидов – сарвари  Дастаи махсуси зудамали наҷот бо таҷҳизоту лавозимотҳои ғаввосӣ, кўҳнавардӣ, тарзу усулҳои истифодабарии таҷҳизотҳои имдодӣ, роҳҳои наҷоти ғарқшуда, расонидани ёрии аввалин ба ғарқшуда, роҳҳои гузаронидани амалиётҳои наҷот, ҳаёту фаъолияти имдодгарон шинос намуд. Баъдан подполковник Муҳиддин Абдусамадов -сардори маркази таълимӣ-методӣ, тариқи намоиши видеороликҳо, сюжетҳо машғулият вобаста ба ҳолатҳои фавқулоддае, ки дар ҳудуди вилоят ба вуқўъ меоянд, роҳҳои пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, коҳиши хатари офатҳои табиӣ, сабабҳои сар задани офатҳои табиӣ ба хонандагон бо факту далелҳои оморӣ ҳарф зад.

Ҳамчунин бад аз итмоми машғулиятҳо ташрифовардагон дар саҳни Раёсат, ки автомошинаҳои махсуси наҷот, техникаву таҷҳизотҳои имдод ба намоиш гузошта шуда буданд, шинос гардиданд.

Дар рафти чорабинӣ дар байни духтарони  синфҳои 10 ва 11 – и МТМУ №14 озмуни «Ҳамшираи беҳтарин» ва байни ҷавонписарон тарзу усулҳои пўшидани ниқоби зиддигазӣ гузаронида шуд, ки аз тарафи муовини сардори Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ подполковник Собирзода Ширин озмун натиҷагирӣ гардида, ғолибон муайян карда шуданд.

Беҳтаринҳо  бо тўхфаҳои хотиравӣ ва Сипосномаи Раёсат қадрдонӣ карда шуданд.

Ба ширкаткунандагони машғулият аёнияҳо, китобчаҳои иттилоотӣ бо маслиҳатҳои муфид, амал ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулодда, расонидани ёрии аввалин ба осебдида, худнаҷотдиҳӣ ва наҷоти атрофиён тақсим карда шуд.

 

      Шаҳзода Бутаева,

сардори бахши кор бо ҷомеъаи Раёсат,

     лейтенант                                  

барчасп: