Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ тамрини омӯзишӣ дар мавзӯи кор бо ҷасади ҳалокшудагон дар офатҳои табиӣ баргузор шуд. Ин трениг рӯзҳои 15-17-уми октябр гузашт ва дар он 20 нафар кормандони Раёсати КҲФ дар ВМКБ ҷалб шуданд.
Ҳадаф аз баргузории ин гуна омӯзишҳо баланд бардоштани малакаву донишҳои наҷотдиҳандагон аст. Дар офатҳои табиие назири заминларзаҳои харобкор, селу обхезиҳо, рониши замин ва ғайра маъмулан инсонҳо ҷони худро аз даст медиҳанд.
Имдодгарон бояд бидонанд, ки дар кадом ҳолат бо ҷасадҳо чӣ хоҳанд кард. Ин тренинг як бори дигар нишон дод, ки наҷотдиҳандагон ба омӯзишҳои бештар ниёз доранд, то маҳорату малакаҳояшон такмил ёбад.
Ш. Маставлиев,
сардори бахши робита бо ҷомеаи
Раёсати ВМКБ, лейтенанти хурд.