Ёрии амалӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши офатҳо

Дар чорчӯбаи Лоиҳаи «Ҳавзаҳои обҷамъшав» бо маблағгузории Агентии рушди Швейстария, ки аз ҷониби созмони байналмилалии «Каритаси Швейтсария» дар ноҳияи Мӯъминобод амалӣ шуда истодааст ва бахшида ба Рӯзи байналмилалии паст кардани хавфи офатҳо, барои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фақулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон як автомашинаи сабукрави тамғаи «Нива-Лада» супорида шуд.

Инчунин, аз ҷониби созмони мазкур барои гузаронидани корҳои митигатсионӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар ноҳияи Ш.Шоҳин дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Коҳиши Хатари Офатҳои Табиӣ» ба миқдори 3000 литр сӯзишвории дизелӣ ба бахши Кумита дар ноҳияи мазкур супорида шуд.

барчасп: