Азназаргузарони техникаи наҷот дар Раёсати Хатлон

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон азанаргузаронии воситаҳои Дастаи зудамали наҷотдиҳии Раёсат, ки ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолии давраи зимистон истифода маешавад, баргузор шуд.

Ҳадафи аслии азназаргузаронӣ санҷиши омодагии саривақтӣ ва амали босифат  дар вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар фасли зимистон буд. Пеш аз оғози чорабинӣ ҳамаи ширкаткунандагон дар назди техникаи худ саф кашиданд.

Кулли воситаҳои техникии наҷот аз назар гузаронида шуданд, ҳамчунин техникае, ки ҳангоми роҳандозии корҳои садамавиву наҷот лозим аст, санҷида шуд, ҳолати техника ва омодагии гурӯҳро аз назар гузарониданд.

Ин гуна чорабиниҳо ҳар сол гузаронида мешаванд ва ба тафтиши омодагии хадамоти ҷавобгар ба бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ дар давраи зимистон равона шудаанд.

барчасп: