Рӯзи дарҳои боз дар Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Кӯлоб

Кормандони Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоби вилояти Хатлон дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи умуиҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо Рӯзи дарҳои боз гузарониданд. Дар ин чорабинӣ 100 нафар хонандагон аз 5 муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Кӯлоб ширкат намуданд.

Ба кӯдакон дар бораи фаъолияти Шуъбаи КҲФ дар гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб маълумоти муфассал ироа шуд. Ба онҳо имкон доданд, ки бо чашмони худ техникаи махсус ва таҷҳизоти наҷотро, ки дар роҳандозии корҳои садамавиву наҷот истифода мекунанд, бубинанд.

Ҳамчунин, бачаҳо бо намоиши наққошиҳо ва нусхаҳо дар иртибот ба ҳолатҳои фавқулода ошно шуданд.

барчасп: