Анҷоми тамринҳои санҷишӣ дар Хатлон

Дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои асосии мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода, таъмини бехатарии одамон дар соли 2019 кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни  ҳайати шахсии хадамоти таъмини ҳуқуқии ВКД дар вилояти Хатлон тамрини фармондеҳиву ситодӣ дар мавзуъи “Амали ҳайати роҳбарикунандаи  нерӯҳо ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ дар ҳоли ба вуҷуд омадани  ҳолати фавқулода” гузарониданд.

Ин омӯзишҳо ба таҳияи алгоритмҳои амал ҳангоми бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ (вазифаҳои мудофиаи гражданӣ, омодасозии аҳолӣ, гузаронидани корҳои садамавиву наҷот, таъмини аҳолӣ бо воситаҳои аввалияи зиндагӣ, таъҷилан барқарор намудани вайронаҳои хадамоти ҳамлунақлӣ, таъмини омодагиҳои ҳамешагии нерӯҳо ва воситаҳо)-ро дар бар гирифтанд.

Дар ҷараёни тамринҳо, ки дар се марҳила баргузор шуданд, масъалаҳои омодагии мақомоти идораи мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулода, Барномаи ягонаи системаи давлатии пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода, нерӯҳо ва воситаҳо ҳангоми омадани сел ва интиқоли аҳолӣ ба ҷойҳои амн баррасӣ шуданд.   Ҳамчунин нуқтаҳои қабули беморон ва маҳалҳое, ки бояд пазиришгоҳҳои сайёр ҷойгир карда шаванд, воҳидҳои ғайришататии садамавиву наҷот, нуқтаҳои тавзеҳи воситаҳои ҳимояи фардӣ, ҳамчунин нуқтаҳои саёри тақсими ғизо ва маводҳои зарурияти аввал тафтиш карда шуданд.

Дар ин чорабиниҳо дар ҳам аи ноҳияву шаҳрҳои вилоят 91 техника ва бештар аз 113 нафар кормандон сафарбар шуданд.

барчасп: