25 СОЛ: Мониторинги кӯли Сарез

Кӯли Сарез аз пурмуаммотарин сохтаи табиат аст, ки муддати бештар аз як аср мардуми маҳал ва атрофи онро ҳамеша зери як таҳдиди хатари пурфоҷеа нигоҳ медорад. Тибқи ҳисоби олимон дар сурати рух додани фоҷиа ва боз шудани оби кўл амвоҷи он дар рўдхонаи Бартанг бо баландии 90-100 метр,бо суръати аз 80 то 100 километр дар соат ҳаракат карда, ҳар литр оби он боз се килограмм хоку регро омехтаю зам карда, ба сели бузург табдил медиҳад. Иртифои мавҷи маҷрои ин селоб дар дарёбоди рўди Панҷ то Амударё ба 50 метр баланд шуда, то баҳри Арал на поинтар аз 8-10 метр, хоҳад расид ва онро лаболаб пуроб хоҳад намуд. Дар роҳи хеш шаҳру деҳот ва манзилҳои беш аз 6 миллион мардумрошустаю хароб ва ба ҷони онҳо таҳдид хоҳад кард.

Бо мақсади сари вақт огоҳ намудани аҳолии минтақаҳое, ки зери об мемонанд, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кумаки молии Бонки Умумиҷаҳонӣ, Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария (SECO), ИМА (ЮСАИД), Хазинаи Оғохон оид ба Зистгоҳ ва Ҳукумати Ҷопон дар сарбанди Усой системаи муосири мониторинг ва огоҳкунандаи пешакӣ насб намудааст. Системаи мазкур барои муҳофизати сокинони маҳалҳои аҳолинишини воқеъ дар масири дарёҳои Бартанг ва Панҷ то ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, ки ҳангоми рахна шудани банди кўли Сарез метавонанд зери об бимонанд, ихтисос ёфтааст.

Барои огоҳ намудани аҳолӣ дар мавзеъҳои аҳолинишини ноҳияи Рўшон,  шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғ се намуди система алоқа - КВ, УКВ, инчунин моҳвораӣ  насб шудаанд. Дар марказҳои маъмурии ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Шамсиддин Шоҳин, Ҳамадонӣ, инчунин дар ҷамоатҳои ноҳияҳои мазкур системаи алоқаи КВ насб шудааст.

                               Расм: Бунгоҳи назорати Кумита дар Усой.

Бо мақсади васеъ намудани системаи огоҳкунандаи бармаҳал Кумита насби иртиботи радиоиро то ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ба нақша гирифтааст.

Барои назорати доимии гидрогеологӣ ва сейсмологӣ дар сарбанди Усой ва атрофи кўл мониторинг гузаронида мешавад, ки бо тартиби вақти воқеъӣ маълумоти заруриро ба маркази ҷамъоварии иттилоот дар сарбанди Усой таҳвил менамояд.

Тамоми иттилооти воридаи мониторинг дар маркази ҷамъоварии иттилоот СКАДА (Системаи назорати умумӣ ва ҷамъоаврии иттилоот) ҷамъбаст ва баъдан тавассути алоқаи радиоӣ ба СКАДА - и шаҳри Душанбе интиқол дода мешавад.

Бо қабули ишораи хавф таҷҳизоти номбурда дар давоми сонияҳои муайян, яку якбора аҳолии минтақаи хавфнокро ба воситаи се намуди алоқа хабардор менамоянд.

Дар деҳаҳои водии Бартанг, ки ҷойгиршавии онҳо ба сарбанди Усой бениҳоят наздик буда, кучонидани аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулодда ғайри имкон мебошад, ҷазираҳои бехавф муайян карда шуда, анборҳои захираи аввалияи ниёзи мардум, аз қабили доруворӣ, хаймаҳо, либосҳои гарм ва пойафзол, курпа, оташдонҳои оҳанин, ҷиҳозҳои ошхонавӣ ва лавозимоти хоҷагидорӣ ташкил карда шудааст.

Ҳамасола, дар ҳамкорӣ бо Агентии Оғохон оид ба Муҳити зист, ҷиҳати омодагии аҳолии водии Бартанг ба ҳолатҳои фавқулодда семинарҳои фаҳмондадиҳӣ ва машқҳои тамринотӣ гузаронида мешаванд. Таҳлили маълумотҳо оид ба сатҳи оби кули Сарез нишон медиҳад, ки ба ҳолати 31 декабри соли 2017 сатҳи оби кул 2 метр баландтар шуда, ба нуқтаи 3262,48 м аз сатҳи баҳр баробар шудааст. Сабаби баландшавии оби кул ба боришоти зиёди барф аз 30–50 % меъёри миёнаи солонаи давраи тирамоҳ ва зимистони солҳои 2016–2017 дар Тоҷикистон алоқаманд мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳарорати солонаи ҳаво дар минтақаи кули Сарез дар соли 2017 ва бо муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 2 дараҷа гармтар мебошад. Бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар фасли тобистон, мувофиқи маълумотҳо, дар муқоиса бо солҳои пешин зиёдшавии ихроҷ ва даромади оби дарёи Мурғоб ва шохаҳои он ба кули Сарез ба назар мерасад.

МАЪЛУМОТНОМАИ КУТОҲ  ДАР БОРАИ КӮЛИ САРЕЗ

Сарез — кӯлест дар кӯҳсори Рӯшони Помир, ки дар баландии 3250 метр аз сатҳи дарё воқеъ аст. Дарозои кӯли Сарез 62 км, паҳнояш 3,3 км, жарфояш то 500 метр аст. Ҳаҷми оби он 17 миллиард метри мукаъаб буда, вазнаш ба ҳисоби миёна ба 19 милён тонна баробар аст.

Соли 1913 оби кўл то 279 метр, соли 1915 то 352 метр, соли1926 то 477 метр, соли 1934 то 486 метр, соли 1946 то 498 метр ва соли 1986 то 505 метр боло рафта, дигар дар ҳамон сатҳ (гоҳе боло ва гоҳе поён) мондааст. Хаҷми об 17 км мукааб, ҳарорати он дар тобистон мусбат 8 дараҷа ва зимистон манфӣ 35 дараҷа мебошад. Баландии кўҳтўдаи Усой аз 567 то 800 метр аз бистари дарёи Мурғоб иртифоъ дошта, (сарбанди Норак 310 метр) дар пасттарин ҷой ҳамагӣ 38 метр аз оби кўл болотар мебошад. Дарозии садди Усой (дарғот ё сарбанди табиӣ) 5 км, бар (пахноӣ ) 3,2 км, ҳаҷм 2,2 км мукааб, ё 6 млрд тонна сангу шағалу регу хок мебошад . Баландии ойинаи рўйи оби кўл аз сатҳи баҳр 3260 метр аст. Кўҳпораи ғалтида пеши рўди Шодуро низ гирифта қўли хурдтареро бо дарозии 3 км, паҳноии 800 метр ва чуқурии 250 метр ба вуҷуд оварда буд. 

Дар бораи кӯли Сарез матлаби бештарро аз  ИН ҶО  бихонед.