Дар рониши замин дар Чин даҳҳо тан куштаву нопадид шуданд

Бар асари рониши замин дар деҳае воқеъ дар Ҷануби Чин ҳаддиақал 39 нафар ҷон бохтаанд. Ин ҳодиса рӯзи чаҳоршанбеи гузашта рух додааст, вале хабари он имрӯз расонаӣ шуд. Расонаҳои давлатии Чин хабар доданд, ки бештар аз 20 манзили сокинони ин русто зери гил ва лой монда, аз сарнавишти 15 нафар аз сокинон иттилоъ дар даст нест.

Мақомоти наҷот ба хабаргузории Синхуа иттилоъ додаанд, ки муваффақт ба наҷоти чиҳил нафар шудаанд. Боронҳои азим ва пуршиддан дар баъзе манотиқи ин кивар ҳамоно дар ҳоли боридан аст.

Бино ба гузориши Синхуа ду кӯдак ва як модар бо фарзанди ширхораш дар миёни ҷонбохтагон ҳастанд, аммо ҷузъиёт ҳанӯз рушан нашудааст.

Телевизиони давлатии Чин CCTV гузорише пахш кард, ки дар он маъмурони наҷот  дар ҳоли истифода аз дастгоҳҳои заминканӣ тасвир мешуданд ва онҳо зери гилмондагонро меҷустанд.

Рониши замин ба вижа пас аз борони шадид маъмулан дар минтақаҳои дурафтода ва  кӯҳистонии Чин зиёд рух медиҳанд. Моҳи гузашта низ як чунин хабари лағзиши замин дар Чин пахш шуда буд.

Боришоти соли ҷорӣ ва селҳои азим дар Чин боиси кушта шудани даҳҳо тан шудаанд ва ҳазорон нафари дигарро аз хона маҳрум кардааст. 

барчасп: