ПАЖӮҲИШ: Гармои шадид ба ҳадди бесобиқа мерасад

Гармои шадиди ду моҳи охир олимону муҳаққиқони гӯшаву канори Заминро ба ташвиш овардааст. Имсол моҳи июн ва июл бо гармии худ бесобиқа ба назар мерасид ва инро мо ҳамрӯза дар Тоҷикистон эҳсос мекунем. Ҳамин эҳсосро дар Амрико ҳам доранд, дар Британия, кишварҳои Осиёву Уқёнусия низ, дар Русияву Чину Ҷопону мамолики дигар низ. Гузорише, ки дар зер мехонед, аз чанд таҳқиқот, ки манбаъҳои мухталиф (ВВС, Ассошейтенпресс, РИА НОВОСТИ ва ғайра) итишор додаанд, гирифта шудааст.

Таҳқиқоти тоза нишон медиҳад, ки моҳи июни соли равон ҳарорати миёна дар Замин 16,4 дараҷа буд, ки инро ҳадди нави рекордӣ номиданд. Раёсати амрикоии таҳқиқоти уқёнусӣ ва атмосферӣ (NOAA) ахиран эълон кард, ки ҳарорати миёна тибқи ҷадвали Фарангейт (ҳароратсанҷ барои санҷиши гармо аст, ки дар ИМА корбурд дорад. Дар дараҷабандии Фарангейт термометри симобӣ истифода мешавад. Ба шарафи олими олмонӣ Габриэл Фарангейт номида шудааст, ки соли 1724 ҷадвали ҳароратсанҷиро сохта буд) 1,7 (0,9 дарҷаи Селзия) назар ба ҳисоби миёнаи асри бист бештар буд.  Ин ҳарорат бахусус дар бахшҳое аз Аврупо, Русия, Канада ҳис мешуд. Дар Осиёи Марказӣ ин ҳарорат беш аз ҳар вақти дигар баланд буд.

 Гузориши NOAA дар остонаи расидани мавҷи шадиди гармо ба бахшҳое аз Амрико ва Канада мунташир шуда буд. Дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе миллионҳо нафар дар Амрикои Шимолӣ дар маърази гармои  беш аз ҳад қарор гирифтанд. Дар баъзе манотиқи ин қора ҳарорати ҳаво то ба 43,3 дараҷа расид.

NOAA дар охирин гузориши худ дар мавриди ҳарорати моҳонаи замин эълон кард, ки гармои зиёди моҳи июн боис шудааст, ки пӯшиши яхи Қутби Ҷануб ба андозаи бесобиқа коҳиш ёбад.

Рекорди қаблии доғтарин июн марбут ба соли 2016 буд, ки акнун шикаста шуд. Созмони ҳавофазоии Амрико НАСА ва дигар гурӯҳҳо ҳам ба натиҷаи мушобеҳе дар мавриди моҳи июни имсол расиданд. Донишмандон ҳушдор медиҳанд, ки афзоиши ҳарорати ҳаво ба далели раванди тағйироти иқлимӣ идома хоҳад ёфт.

Иқлимшинос Кети Деллу ба Associated Press гуфтааст, ки “Замин аз гармие ранҷ мебарад, ки аз тағйири иқлим вайрон намешавад”.

Шиддати гармое, ки ҳоло мушоҳида мешавад, зарфи чанд даҳсолаи охири таваҷҷуҳи олимонро ба худ кашида буд. Аммо он чӣ ҳоло мегузарад, шабоҳате ба гузаштаи 200 соли ахир надорад. Аз рӯйи доманаи густариш тағйироти иқлимии имрӯзро ҳатто наметавон бо Замони яхбастагии хурд, ки Заминро дар асрҳои XIV то XIX фаро гирифта буд, муқоиса кард,- гуфта мешавад дар таҳқиқоти олимони Донишгоҳи Берн (Швейсария).

Олимон ҳушдор медиҳанд, ки тағйироти иқлим таҳдиде ба аз миён рафтани баъзе маводи ғозоие дорад, ки мо хеле ба онҳо одат кардаем: шуруъ аз картошка ва банан то маҳсулоти баҳрӣ ва равғани зайтун. 

Донишмандон ва муҳаққиқони Донишгоҳи Кембриҷи Британияи Кабир тасмим доранд як маркази таҳқиқотӣ барои тармими обу ҳавои кураи Замин эҷод кунанд.  Ин маркази таҳқиқотӣ қарор аст роҳҳои ғайримаъмулиро барои расидан ба ҳадафаш, ки  мубориза бо гарм шудани Замин аст, дунбол кунад.

 Ҳамчуноне дида мешавад, дар гӯшаву канори Сайёра солҳост, ки маркаҳои илмӣ, ҷамъи олимону муҳаққиқон сари гармои шадид ва тағйири иқлим дар Замин андеша меронанд ва барномаҳои муҳими пажӯҳишиеро рӯйи даст гирифтаанд.

Мушкилоти тағйири иқлимро дигар наметавон ба вақти дигар гузошт. Олимон мегӯянд, ки аз ҳамин ҳоло бояд талош кард, вагарна оқибатҳои ҳалокатбори онро инсоният дигар наметавонад ҷуброн кунад. Ҳатто 10-11 соли оянда ин хатарҳо ба ҳадде меафзоянд, ки дигар садди роҳи он шудан имкон ҳам надорад. 

Хулосаи маърӯзаи махсусе, ки Гурӯҳи байнидавлатии таҳлилгарони тағйироти иқлим (МГЭИК) омода кардаанд, аз ҳамин иборат аст. Яъне ин муаллифон аз имрӯз давлатҳои оламро даъват мекунанд, ки барои мубориза бо тағйири иқлим ба ҳам оянд, вагарна фардо ДЕР ХОҲАД ШУД!

Муоҳадаи Порис дар соли 2015, ки онро 195 кишвари олам (аз ҷумла Тоҷикистон низ) имзо кардааст, боздоштани гармшавии ҳаво ба ҳадди 1,5 дараҷаи Селзияро ҳадаф гузоштааст. Таҳлилгарони МГЭИК мегӯянд дар айни замон ин роҳи ягонаи муборизаи пурсамар ба тағйири иқлим мебошад.

Бо истифода аз матолиби

Интернет таҳияи Б.Шафеъ

барчасп: