14 кишвари ИА аз истифодаи воксани AstraZeneca даст кашиданд. Сардухтури санитарии Украина баъди эмкунӣ бо воксани тавлиди Ҳинд гирифтори коронавирус шуд
Чоп шуд: 16/03/2021 | adminДар олам то ба имрӯз 120 миллиону 784 ҳазору 671 нафар ба КОВИД-19 гирифтор шуданд. Аз ин бемории маргзо 2 миллиону 672 ҳазору 488 нафар фавтиданд. 88 ҳазору 161 нафар дар беморхонаи олам дар ҳоли вазнин қарор доранд. Шумори муолиҷашудагон 97 миллиону 434 ҳазору 194 нафар эълон шудааст. Дар Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта ягон ҳодисаи сироят ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.