марти 2021

Мулоқот бо ҳайати Иттиҳодияи Аврупо дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

4 марти соли 2021 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита  генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ҳайати лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ LEICA (Law Enforcement in Central Asia(Таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар Осиёи Марказӣ) баргузор шуд.

Кумакҳои САҲА ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: ноутбук ва компютерҳо барои Маркази таълимӣ-методӣ ва раёсатҳои вилоятӣ (ВИДЕО)

Дар доираи татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими таҳвили  таҷҳизоти техникии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба КҲФ баргузор шуд.

Ҷаласаи комиссияи эвакуатсионии ноҳияи Рӯдакӣ

3 марти соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ таҳти роҳбарии муовини раис-раиси комиссияи эвакуатсионии ноҳияи Рӯдакӣ Хайрулло Суфиев ҷаласаи комиссияи эвакуатсионии ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа ду масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт:

COVID-19: ИМА, Ҳинд ва Бразилия се кишваре мебошанд, ки олудаҳои бештар ба КОВИД-19 доранд

Шумори гирифторон ба коронавирус дар саросари олам ба 115 миллиону 768 ҳазору 959 нафар расидааст. Танҳо шабонарӯзи гузашта ба ин ҷамъ боз 179 ҳазору 810 нафар пайвастанд. Ҷонбохтагон аз аввали ҳамагирӣ 2 миллиону 571 ҳазору 785 нафар эълон шуд ва зарфи 24 соати гузашта дар олам боз 5 292 нафар аз ин беморӣ ҷони худро аз даст доданд. 91 миллиону 469 ҳазору 136 нафар пурра муолиҷа шудаанд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар сиғаи видеоконференсия

Муҳтарам аъзои Панели Сатҳи баланд,

Муҳтарам Дабири кулл,

Хонумҳо ва ҷанобон,

Нахуст, мехоҳам аз оғози фаъолияти ташаббуси нав, ки ду масъалаи бисёр ҳам мубрами рӯзномаи муосири рушд...

Тасвиби созишномаи таъмини омодагиҳо ба садамаҳои ҳастаӣ ва радиатсионӣ дар қаламрави ИДМ

3 марти соли 2021 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода гузашт, “Созишномаи ҳамкорӣ миёни давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил...

Ёде аз таърих. Суқути як ҳавопаймо дар Порис 47 сол муқаддам

Ин фоҷеаи мудҳиш 47 сол пеш дар ҳамин рӯз рух дод. Рӯзи якшанбе, 3-уми марти соли 1974 дар наздикии шаҳри Порис ҳавопаймои McDonnell Douglas DC-10-10 мансуб ба ширкати ҳавопаймоии Turkish Airlines суқт кард.  Ин ҳавопаймо бо хатсайри ТК 981 Истамбул-Порис-Лондон дар ҳоли парвоз буд.

Аммо баъди ҳамагӣ 6 дақиқаи ба ҳаво хестан аз фурудгоҳи...

КОВИД-19: Олам боз дар рӯ ба рӯ бо афзоиши мубталоёни нав ба коронавирус қарор гирифтааст

Сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус дар як брифинги матбуотӣ хабар дод, ки бори аввал дар ҳафт ҳафтаи охир дар олам афзоиши шумори мубталоёни нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Дар кишварҳои Аврупо аввалин нишонаҳои болоравии сатҳи гирифторӣ ба КОВИД-19 мушоҳида мешавад. Баъди коҳиши шумори мубталоёни нав аз аввали моҳи феврали соли равон нишонаҳои...

ДОНИШ: Дар бораи хоб чӣ медонед?

Чаро дар бораи хоб менависем? Хоб ҳам метавонад як сабаби хатар ба ҷони инсон дар ҳолатҳои фавқулода бошад. Аксари офатҳои табиӣ шабонгаҳон, вақте инсонҳо дар хоби нозанд, рух медиҳанд. Инсон хоб аст, ки замин ба шиддат меларзад. Хоб аст, ки борони шадид сел меорад ва ҳавливу дари одамонро пахш мекунад. Хобем, ки аз тармаву ярч осеб мебинем. Ба ронанда ҳангоми сафар хоб пирӯз мешавад ва мошин сарозер

КОВИД-19: Амрико гуфт воксани дар ихтиёрдоштаи худро бо дигар кишварҳо қисмат намекунад

Шумори мубталоён ба коронавирус дар олам ба 114 миллиону 995 ҳазору  418 нафра расидааст. Аз ин беморӣ то кунун 2 миллиону 550 ҳазору 296 нафар ҷон бохтаанд. Шабонарӯзи гузашта боз 108 ҳазору 508 нафар чун сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуданд ва 3 076 нафари дигар аз ин вирус фавтиданд. Шумори пурра муолиҷашудагон то ба имрӯз 90 миллиону 721 ҳазору 245 нафар буда, 90 ҳазору 374 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.

Пирӯзии навбатии варзишгарони КҲФ

Дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таблиғи варзиш ва тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстӣ, ягонагӣ миёни вазорату идораҳо ва ниҳодҳои қудративу ҳифзи ҳуқуқ дар Шӯрои ҷумҳуриявии “Динамо”-и ВКД Тоҷикистон мусобиқоти варзишии “Ҷоми вазири корҳои дохилӣ” дар сангбардорӣ барзузор шуд.

Дар ин мусобиқа миёни вазнҳои гуногун бо иштироки 10 тим

Страницы