Шумори мубталоён ба коронавирус дар олам ба 114 миллиону 995 ҳазору 418 нафра расидааст. Аз ин беморӣ то кунун 2 миллиону 550 ҳазору 296 нафар ҷон бохтаанд. Шабонарӯзи гузашта боз 108 ҳазору 508 нафар чун сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуданд ва 3 076 нафари дигар аз ин вирус фавтиданд. Шумори пурра муолиҷашудагон то ба имрӯз 90 миллиону 721 ҳазору 245 нафар буда, 90 ҳазору 374 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.
Президенти ИМА Ҷо Байден аз мавқеъи пешгузаштагонаш дар мавриди воксани коронавирус пуштибонӣ кард. Вай гуфт Амрико то замоне, ки кулли сокинони худро эм накунад, воксани дар ихтиёр доштаи худро ба дигарон тақсим намекунад.
Аз 1 марти соли ҷорӣ тадбирҳои зиддикоронаӣ дар Швейтсария батадриҷ лағв шуданд, ҳамаи мағозаҳо, осорхонаҳо, боғҳои ҳайвонот боз шуданд. Ҳамчунин барои гузаронидани чорабиниҳои хусусӣ низ иҷозат шуд, вале шумори ширкаткунандагон на бештар аз 15 нафар бошанд.
Дар қораи Африқо алалкай беш аз 100 ҳазор нафар аз КОВИД-19 фавтиданд. Дар панҷгонаи кишварҳои ин қора, ки бештар шаҳрвандонашон ба марг дучор шудаанд, инҳо дохиланд: Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Марокаш, Тунис, Миср ва Эфиопия.
Президенти Гана Нано Акуфо-Аддо аввалин шахсе дар ин кишвар буд, ки худро бо воксани расида аз тариқи барномаи байналмилалии COVAX эм кард.
Сарвари Ҳинд Нарендра Моди бошад аввалин касе дар Ҳинд буд, ки худро бо воксани Covaxin тавлиди ширкати дорусозии Ҳиндустон Bharat Biotech эм кард.
Аз аввали моҳи март дар Гурҷистон баъзе маҳдудиятҳои зиддикоронаӣ лағв шуданд. Дар ин кишвар дарсҳои амаливу озмоишгоҳӣ иҷозат дода шуданд. Ҳамчунин иҷозат доданд, ки имтиҳонот дар синфхонаҳо баргузор шаванд. Китобхонаву осорхонаҳо низ боз шуданд. Қарор аст аз 15 м арти соли равон дар кулли муассисаҳои таълимӣ дарсҳо оғоз шаванд.
Шабонарӯзи гузашта дар Қазоқистон боз 622 сироятшудаи нав ба коронавирус сабт шуд. Вазорати тандурустии ин кишвар гуфтааст, ки эмкунии саротсарӣ бо воксани QazCovid-in моҳи апрели соли 2021 оғоз мешавад.
Қирғизистон аз ифшои боз 22 мубталои нав хабар дод.
Ӯзбекистон воксани истеҳсоли муштараки бо Чинро расман ба қайд гирифт. 17 феврали соли равон ҳамчунин воксани русии "Спутник V" низ сабт шуда буд.