Шумори гирифторон ба коронавирус дар саросари олам ба 115 миллиону 768 ҳазору 959 нафар расидааст. Танҳо шабонарӯзи гузашта ба ин ҷамъ боз 179 ҳазору 810 нафар пайвастанд. Ҷонбохтагон аз аввали ҳамагирӣ 2 миллиону 571 ҳазору 785 нафар эълон шуд ва зарфи 24 соати гузашта дар олам боз 5 292 нафар аз ин беморӣ ҷони худро аз даст доданд. 91 миллиону 469 ҳазору 136 нафар пурра муолиҷа шудаанд. 90 ҳазору 78 нафар дар ҳоли вазнин мебошанд. Ҳамоно ИМА, Ҳинд ва Бразилия се кишваре мебошанд, ки олудаҳои бештар ба КОВИД-19 доранд.
Барои истеҳсоли воксани ватании зидди коронавирус дар қаламрави Италия аз 4 то 6 моҳ вақт лозим аст, гуфтаанд олимон ва намояндагони ширкатҳои дорусозии ин кишвар дар мулоқот бо роҳбарони вазорати рушди иқтисодӣ рӯзи чоршанбе.
Дар як нуқтаи озмоишии Нидерландия таркиш ба вуҷуд омадааст ва пулиси ин кишвар гуфтааст, ки касе осеб надидааст. Ин ҳодиса субҳи рӯзи чоршанбе ҳангоми ифтитоҳи маркази тестӣ барои коронавирус дар шаҳри Бовенкарспел дар ғарби ин мамлакат рух додааст. Пулис фарзияи таркиши қубури даромадгоҳро мавриди таҳқиқ қарор додааст.
Ҳукумати Лаҳистон хабар додааст, ки ин кишвар дар рӯ ба рӯ ба мавҷи сеюми коронавирус қарор дорад. Зарфи як шабонарӯзи охир 15 698 ҳодисаи сироят ба КОВИД-19 сабт шудааст. Ин ду баробар бештар аз як рӯзи пеш аст. Ҳамчунин теъдоди бистаришудагон дар беморхонаҳо ва фавтидагон низ меафзояд.
Чанд кишвар дар қораи Африқо дар доираи барномаи байналмилалии Covax соҳиби воксан зидди коронавирус шуданд. Рӯзи чоршанбе Кения беш аз як миллион доза воксани Донишгоҳи Оксфорд ва ширкати AstraZeneca-ро ба даст овард.
Дар Никарагуа рӯзи 2 марти соли равон эмкунии сартосарии аҳолӣ бо воксани русии «Спутник V» оғоз шуд.
Қарор аст моҳи майи соли 2021 Ҷумҳурии Халқӣ Демократии Корея дар доираи барномаи байналмилалии COVAX Facility 1,7 миллион доза воксани зидди коронавируси ширкати дорусозии AstraZeneca-ро дарёфт кунад. ҶХДК дар рӯйхати 92 кишвари олам шомил аст, ки тибқи як барномаи умуиҷаҳоние соҳиби воксан мешаванд, ки кишварҳои мутараққӣ сармоягузорӣ кардаанд.
Агентии Сенхуа хабар дод, ки беш аз 5 миллион нафар сокинони шаҳри Пекин-пойтахти Чин дозаи аввали воксани зидди коронавирусро дарёфт кардаанд. Аз ҳисоби умумӣ 2,64 миллион нафар дозаи дуюми онро низ гирифтаанд.
Дуюмин рӯз аст, ки дар Русия камтар аз 11 ҳазор мубталои нав ба КОВИД-19 ба қайд гирифта мешавад. Беш аз 300 ҳазор хизматчиёни ҳарбии Русия аввалин дозаи воксани «Спутник V»-ро гирифтаанд.
Шабонарӯзи гузашта дар Қазоқистон 717 нафар сироятшудаи нав ба қайд гирифта шудааст, ки аз рӯзе қабл 60 нафар зиёд аст.
Қирғизистон аз сирояти боз 48 нафар ба коронавирус хабар дод.
Рӯзи 3 марти соли равон дар Ӯзбекистон боз 45 нафар чун гирифтори нав ба COVID-19 сабт шуд ва шумори умумии сироятёфтагон аз аввали ҳамагирӣ ба 80 006 нафар расид. Дар айни замон 835 нафар дар беморхонаҳо муолиҷа мешаванд, ки ҳоли 146 нафар вазнин ва саломатии 27 нафар хеле вазнин арзёбӣ шудааст. Замони эмкунии саросарӣ дар ин кишвар бар зидди коронавирус нимаи аввали моҳи март эълон шудааст ва тибқи нақша то охири сол 7 миллион сокинони он эм карда хоҳанд шуд.