3 марти соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ таҳти роҳбарии муовини раис-раиси комиссияи эвакуатсионии ноҳияи Рӯдакӣ Хайрулло Суфиев ҷаласаи комиссияи эвакуатсионии ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа ду масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт:
Иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2018 "Дар бораи комиссия эвакуатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон", ҷоннок намудани кори комиссияҳои эвакуатсионӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои тандурустӣ, соҳаи маориф ва корхонаву ташкилотҳои ҳудуди ноҳия ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2012 "Дар бораи тасдиқи тартиби ташкил намудани паноҳгоҳҳо ва дигар иншоотҳои мудофиаи гражданӣ".
Дар кори ҷаласа ҳайати шахсии шуъба иштирок ва суханронӣ намуданд. Аз ҷониби раиси комиссия ба аъзоёни комиссия як қатор супоришҳо дода шуд.
Дар охир комиссия баҳри иҷрои масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қароҳои дахлдор қабул намуд.
Ф.Назарзода