Кумакҳои САҲА ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: ноутбук ва компютерҳо барои Маркази таълимӣ-методӣ ва раёсатҳои вилоятӣ (ВИДЕО)

Дар доираи татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими таҳвили  таҷҳизоти техникии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба КҲФ баргузор шуд.

Дар маросим супурдани воситаҳои техникӣ, ки иборат аз 12 ноутбук ва 12 адад компютер мебошанд, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Сафири Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҷаноби Валериу Кивер ширкат карданд. Ин таҷҳизот тибқи як барнома барои беҳбудии кори Маркази таълимӣ-методӣ ва  Раёсатҳои вилоятии Кумита равона хоҳанд шуд. 

Сарвари КҲФ зимни суханронии худ дар маросими таҳвили техника ба ҳамкориҳои судманди дуҷониба бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе таъкид намуд ва барои ин ёрӣ изҳори сипос кард. 

Вай таъкид намуд, ки техникаи расида бешак барои наҷоти ҷони бисёр одамон ва сабук кардани кори кормандони бахши наҷот дар самти омӯзиши рафтори дуруст дар ҳолатҳои фавқулодда кумак мекунад.  

Дар навбати худ, роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Валериу Кивер таъкид кард, ки САҲА минбаъд ҳам дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ бо идораи наҷоти кишвар ҳамкорӣ хоҳад дошт.

барчасп: