Мулоқот бо ҳайати Иттиҳодияи Аврупо дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

4 марти соли 2021 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита  генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ҳайати лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ LEICA (Law Enforcement in Central Asia) (Таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар Осиёи Марказӣ) баргузор шуд.

Ҳайатро сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мэрилин Йосефсон роҳбарӣ мекард.

Ҳадафи вохӯрӣ барқарор намудани робитаҳои корӣ ва баррасии роҳҳои ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризми байналмилалӣ буд.

Намояндагони LEICA дар бораи лоиҳа нақл намуданд, ахбор дар мавриди усулҳо ва зинаҳои татбиқ ва натиҷаҳои интизориро рӯнамоӣ карданд.

Аз ҷониби худ Сарвари  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда меҳмононро бо самтҳои асосии фаъолияти идораи наҷот ва заминаҳои ҳуқуқии мавҷуда шинос намуд.

Ҷонибҳо дар бораи ҷанбаҳои имконпазири умумӣ ва чораҳои ташкили ҳамкориҳои амалӣ мубодилаи афкор намуданд. Ҳамкориҳо дар ин самт минбаъд низ бо талоши ҷонибҳо ва бо назардошти зарфиятҳо ва имкониятҳои ду ҷониб идома хоҳад кард.  Мулоқот дар фазои дӯстона ва созанда сурат гирифт.

барчасп: