Дар олам то ба имрӯз 120 миллиону 784 ҳазору 671 нафар ба КОВИД-19 гирифтор шуданд. Аз ин бемории маргзо 2 миллиону 672 ҳазору 488 нафар фавтиданд. 88 ҳазору 161 нафар дар беморхонаи олам дар ҳоли вазнин қарор доранд. Шумори муолиҷашудагон 97 миллиону 434 ҳазору 194 нафар эълон шудааст. Дар Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта ягон ҳодисаи сироят ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Се кишвари дигари Иттиҳодияи Аврупо аз истифодаи воксани истеҳсоли ширкатҳои британиёвиву шведии AstraZeneca ва Донишгоҳи Оксфорд даст кашиданд. 15-уми марти соли равон Олмон, Италия ва Фаронса эълон карданд, ки истифодаи ин воксанро дар қаламрави кишвраҳои худ манъ кардаанд. Аммо дар хабар гуфта мешавад, ки истифодаи ин воксан то 16-уми март манъ аст. Тасмими ниҳоӣ аз фикри танзимгар вобаста аст. Аз ин пештар истифодаи воксани мазкур дар Австрия, Эстония, Литва, Люксембург, Латвия, Дания, Норвегия, Исландия, Нидерландия, Булғористон ва Руминия боздошта шуда буд. Сабаби ин тасмимҳо тарси эҳтимолӣ аз зуҳури судда баъди истифода аст.
Агентии аврупоии воситаҳои доруворӣ (ЕМА) истифодаи воксани русии «Спутник V» то аввалҳои моҳи май иҷозат хоҳад дод. Дар ин бора рӯзи гузашта сарвари департаменти ЕМА оид ба таҳдидҳо ба саломатӣ ва стратегияи воксанзанӣ Марко Кавалери ба журналистон иттило дод.
Маълум шудааст, ки маъмурияти Кохи Сафед ба ҳукумати Бразилия фишор овардааст, ки воксани русии «Спутник V»-ро харидорӣ накунад.
Муддати як соли эълони тадбирҳои зиддикоронаӣ ва эълони карантин ва маҳдудиятҳо дар Италия бештар аз 600 ҳазор нафар барои риояи накардани ин маҳдудиятҳо ҷарима шудаанд, хабар додааст Вазорати корҳои дохилии ин кишвар. Барои нақзи маҳдудиятҳои эпидемиологӣ 5571 муассиса (мағозаҳо, қаҳвахонаҳо ва тарабхонаҳо) баста шуданд.
Шумори сироятшудагон ба вируси корона дар қораи Африқо аз 4 миллион нафар гузашт.
Моҳи апрели соли 2021 дар Кореяи Ҷанубӣ эмкунии сокинони аз 75-сола боло ва бошандагони нисбатан осебпазир ба COVID-19 оғоз хоҳад шуд.
Молдова аз авҷи сеюми коронавирус хабар дод ва дар хабарҳо гуфта мешавад, ки бадтарину нигаронкунундатарин вазъ дар шаҳри Кишнёв мушоҳида мешавад.
Сардухтури санитарии Украина Виктор Ляшко баъди эмкунӣ бо воксани тавлиди Ҳиндустон Covishield ба коронавирус мубтало шуд. Дар ин бора вай рӯзи 15-уми март дар саҳифаи худ дар Фейсбук хабар дод. Вай навиштааст, ки дар 13-умин рӯзи эмкунӣ аввалин аломатҳои ин беморӣ дар ӯ зоҳир шуданд ва ташхис суроят шуданаш ба коронавирусро исбот намуд.
Шабонарӯзи гузашта дар Русия 9437 ҳодисаи нави сироят ба вируси корона ба қайд гирифта шуд ва 404 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.
Қариб 390 ҳазор хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Русия зидди коронавирус бо воксани русии «Спутник V» эм карда шуданд.
Қазоқистон аз ошкор шудани боз 1011 сироятшудаи нав хабар дод. 69 095 нафар зидди коронавирус эм карда шудаанд. Эмкунии ихтиёрӣ дар Қазоқистон аз 1 феврали соли равон оғоз шуда буд. Маълум мешавад, ки зарфи 1,5 моҳ (45 рӯз) дар ин кишвар ба ҳисоби миёна ҳар рӯз 1 535 нафар воксан гирифтанд.
То 16-уми марти соли равон дар Ӯзбекистон 80 678 ҳодисаи сироят ба КОВИД-19 сабт шудааст. 725 нафар дар беморхонаҳо табобат мешавад ва ҳоли 23 нафари онҳо вазнин гузориш шудааст.
Сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар дод, ки ҳайате аз Институти таҳқиқотии зидди вабои Русия "Микроб" -и Хадамоти федералии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (Роспотребнадзор) ба Душанбе омад.