Омӯзишҳои амалии ҳифзи аҳолӣ барои кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа дар вилояти Хатлон

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сарбозони қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа мустақар дар вилояти Хатлон шеваҳои ҳифзи аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулодда ва офатҳои табииро омӯзиш доданд.
Барои кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва хизматчиёни ҳарбии ду қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақар дар қаламрави вилояти Хатлон дарсҳои амалии ҳифзи аҳолӣ бо номи  “Заминларза, боронҳои шадид, сел, обхезӣ, ярч ва лағзиши тарма” гузаронида шуд.

Дидори Раиси Кумита бо машваратчии байналмилалӣ

Дар мулоқоти Рустам Назарзода ва хонум Эфрат Йовел масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба бо ниҳодҳои зидахли СММ ва таҳияи нақшаи амалҳои муштарак ба тағйири иқлим баррасӣ шуданд.
Имрӯз Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо машваратчии байналмилалӣ оид ба таҳияи Нақшаи мутобиқшавӣ ба тағйири иқлими Барномаи Рушди СММ хонум Эфрат Йовел мулоқот кард.

Ширкати ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар Салони байналмилалии Ногини Русия

Ҳайате аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии ҷонишини Раиси Кумита, полковник М.Салимзода дар даҳумин Салони байналмилалии воситаҳои таъмини бехатарӣ “Маҷмаъаи бехатарӣ-2017”, ки дар қаламрави маркази наҷоти Ногини Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия мегузарад, ширкат дорад.

Сели азим ҳаракати мошинҳо дар баъзе қисматҳои роҳи Душанбе-Хоруғро боздошт

Боронҳои шадиди шаби гузашта дар баъзе манотиқи кишвар заминҳои кишту боғотро хароб кард ва дар қисмате аз роҳи Душанбе-Хоруғ ҳаракати мошинҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ сохт.
Боронҳои селосо ва бодҳои тӯфонӣ бо жола рӯзи 6-уми июн ба қисмате аз заминҳои зироатҳои кишварзӣ ва боғҳои мева дар ду ноҳияи кишвар зарар расонд.
Аз ҷумла, бар асари офати табиӣ зумрае аз деҳоти ҷамоати

Омӯзишҳои ҳифзи аҳолӣ дар ноҳияҳои Бохтар, Ҳамадонӣ ва Мурғоб

Бо мақсади татбиқи Протоколи ҷаласаи Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулоддаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 10-уми феврали соли 2017 оид ба ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуд аз офатҳои табиие чун обхезӣ, ярч, сел, заминларза, ҳамчунин ташкили интиқоли аҳолӣ аз манотиқи хатарзо ба ҷойҳои амн гуруҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзишҳои густардаеро

Страницы