17 сентябри соли 2024 дар Душанбе ҷаласаи IX вазирон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ оғоз мешавад, ки ба як майдони муҳими муколама ва таҳияи тавсияҳо оид ба рушди устувор байни намояндагони вазорату идораҳои кишварҳои иштирокчӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ табдил меёбад.
Дар доираи ин чорабинӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода 16 сентябр бо сардорони идораҳое, ки ба нишаст ҳузур меёбанд, як сисила вохӯриҳо гузаронд.
Аз ҷумла, Рустам Назарзода бо сардори Департаменти идораи офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Туркия (AFAD), ҷаноби Окей Мемиш ва сардори Раёсати миллии мудирияти офатҳои табиии Ҷумҳурии Исломии Эрон, генерали бригада Муҳаммад Ҳасани Номӣ мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯриҳо роҳбари Кумита барои фаъолият ва саҳми муштарак дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ изҳори сипос намуда, ҷиҳати беҳтар намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт як қатор пешниҳодҳо ба миён гузошт.
Дар навбати худ меҳмонони воломақом ба ҳамкориҳои наздик бо Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд доданд.
Дар ин вохўриҳо оид ба пешгирии офатҳои табиӣ, ташкили курсҳои такмили ихтисос, тайёрӣ ва бозомўзии кадрҳо, баланд бардоштани маърифати аҳолӣ як қатор тавофуқҳо ба даст омаданд.
Илова бар ин, 16 сентябри соли 2024 дар доираи ин чорабинии байналмилалӣ дар ҷаласаи вазирон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ҷаласаи гурӯҳи коршиносон доир гардид.