Боронҳои шадиди шаби гузашта дар баъзе манотиқи кишвар заминҳои кишту боғотро хароб кард ва дар қисмате аз роҳи Душанбе-Хоруғ ҳаракати мошинҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ сохт.
Боронҳои селосо ва бодҳои тӯфонӣ бо жола рӯзи 6-уми июн ба қисмате аз заминҳои зироатҳои кишварзӣ ва боғҳои мева дар ду ноҳияи кишвар зарар расонд.
Аз ҷумла, бар асари офати табиӣ зумрае аз деҳоти ҷамоати Султонобод, деҳаи Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ, чандин деҳаи воқеъ дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор қисман зарар диданд.
Хонаву ҳавлии сокинони ин рустоҳо аз хатар эмин монда буданд.
Ҳамчунин бар асари боронҳо дар километрҳои 304, 340, 367, 387 ва 389 роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ сел омад. Ин буд, ки ба хотири таъмини амнияти одамон ва пешгирӣ аз хатар роҳ муфаққатан баста шуд.
Бо талоши хадамоти роҳи ноҳияи Дарвоз роҳ пурра тоза карда шуд ва ҳоло ҳаракати мошинҳо аз сар гиифта шудааст.
Офоти табиӣ талафоти ҷонӣ надошт.