Сели азим дар ҷамоати Амондараи ноҳияи Панҷакент 6 хонаро аз лойоба пур кард ва ба 10 хонаи дигар зарар расонд
Чоп шуд: 27/06/2017 | admin![](https://khf.tj/sites/default/files//styles/232_155/public/field/image/sel.gif?itok=pBzv3SjR)
Лойоба, ки сели азим дар рустоҳои ҷамоати Амондараи ноҳияи Панҷакент сарозер намуд, 6 хонаро пур кард ва 10 хонаи дигар қисман зарар диданд. Сокинон ба маҳалли бехатар интиқол дода шуданд, ҳаҷми зарари расида ҳисоб карда мешавад.
Борони шадиди шаби 26-уми июн дар ҷамоати Амондараи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба сели азим табдил шуд.