Лойоба, ки сели азим дар рустоҳои ҷамоати Амондараи ноҳияи Панҷакент сарозер намуд, 6 хонаро пур кард ва 10 хонаи дигар қисман зарар диданд. Сокинон ба маҳалли бехатар интиқол дода шуданд, ҳаҷми зарари расида ҳисоб карда мешавад.
Борони шадиди шаби 26-уми июн дар ҷамоати Амондараи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба сели азим табдил шуд. Тибқи маълумоти пешакӣ лойоба 6 хонаи истиқоматиро аз лой пур кард, ба 10 хонаи дигар қисман зарар расонд.
Ҳамчунин сел садди зидди селро вайрон кард, дар натиҷа роҳҳои байни рустоҳоро шуста хароб кард.
Дар айни замон дар маҳалли ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда ва мақомоти иҷроияи ноҳия ба фаъолият оғоз кардаву зарари ба хоҷагиҳо расидаро ҳисоб мекунад.
Сокинон ҳоло ба маҳалли амн интиқол дода шудаанд, ба онҳо кумакҳои аввалияи ғизоӣ, доруворӣ расонида мешавад. Ошхонаи саҳроӣ ҳам ташкил карда шуда, дар маҳалли офат духтурон навбатдорӣ мекунанд.
Ҳоло Кумита ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ масъалаи расонидани кӯмакҳо ба аҳолии зарардидаро ҳаллу фасл мекунанд.
Роҳбарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Ситоби вилоятии ҳолатҳои фавқулодда ба маҳлли ҳодиса рафтаанд.
Дар ҳамин ҳол Кумита истинодан ба маълумоти идораи обуҳавосанҷии мамлакат аз бӯронҳои рӯзҳои оянда ва эҳтимолияти омадани селу резиши санг дар роҳҳои куҳӣ хабар дода буд.