Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар Суғд
Чоп шуд: 29/06/2017 | adminТаҷлили аз Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд бо садои Суруди миллӣ оғоз шуд. Ҳамаи ҳайати шахсӣ, бо шумули сарбозону афсарон бо сару либоси идонаи ҳарбӣ саф кашида буданд.
Дар тантанаи Ваҳдати миллӣ намояндагон аз прокуратураи ҳарбии вилояти Суғд, прокуратураи вилоятӣ, комиссари ҳарбии вилоят, собиқадорони КДАМ ва ВКД ва намояндагони ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд ширкат доштанд.