Таҷлили аз Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд бо садои Суруди миллӣ оғоз шуд. Ҳамаи ҳайати шахсӣ, бо шумули сарбозону афсарон бо сару либоси идонаи ҳарбӣ саф кашида буданд.
Дар тантанаи Ваҳдати миллӣ намояндагон аз прокуратураи ҳарбии вилояти Суғд, прокуратураи вилоятӣ, комиссари ҳарбии вилоят, собиқадорони КДАМ ва ВКД ва намояндагони ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд ширкат доштанд.
Муовини прокурори ҳарбии гарнизони Суғд, подполковник Салимзода С. Ваҳдати миллиро ситоиш кард ва гуфт бист сол аст, ки бо баракати имзои созишномаи сулҳу ваҳдати миллӣ кишвар аз фазои субот нафас мекашад. Вай аз ҳамаи ширкат кунандагон, бахусус сарбозону афсарон даъват кард, ки танҳо риояи интизоми хидматӣ ва рияои қонун метавонад кафолати идомадор будани ин фазои оромиву субот бошад.
Фармондеҳи қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд, подполковник Ф.Назарзода дар бораи таърихи имзои созишномаи сулҳ суханронӣ кард ва онро асосии пойдории субот дар кишвар хонд. Подполковник Ф.Назарзода гуфт, ки ҷанги ҳамватанӣ ҳазорҳо нафарро кушт, ҳазорон танро бехонаву дар ва дарбадар кард. Аммо дар ин бист сол ба шарофати иқдомҳои наҷибу созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин шикастурехтҳо барқарор шуданд. Овораҳо баргаштанд ва хонаҳои сӯхтаву валангори худро бо кӯмаки бедареғи давлату ҳукумт обод карданд.
Собиқадори КДАМ Султон Каримбердиев гуфт, ки “Имрӯз мо шукрона ва ифтихор мекунем, ки тавонистем тамоми душвориҳоро дар роҳи озодӣ, сулҳу Ваҳдати миллӣ бартараф созем, давлату давлатдории миллӣ ва ягонагии марзу буми Ватани азизамонро аз манфиатҳои гуруҳиву ҳизбӣ боло гузорем”.
Баъди сафороии ҳарбӣ ва анҷоми ҷаласаи тантанавӣ чорабинии фарҳагӣ бо иштироки дастаи санъаткорони Шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд.