Омӯзишҳои ҳифзи аҳолӣ дар ноҳияҳои Бохтар, Ҳамадонӣ ва Мурғоб

Бо мақсади татбиқи Протоколи ҷаласаи Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулоддаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 10-уми феврали соли 2017 оид ба ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуд аз офатҳои табиие чун обхезӣ, ярч, сел, заминларза, ҳамчунин ташкили интиқоли аҳолӣ аз манотиқи хатарзо ба ҷойҳои амн гуруҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзишҳои густардаеро дар ноҳияҳои Бохтар, Ҳамадонии вилояти Хатлон ва Мурғоби ВМКБ баргузор кард.

Омӯзишҳо дар мавзуъи «Боронҳои шадид ва лағзиши замин” дар се марҳила доир шуданд.  Дар марҳилаи аввал омӯзишҳои фармондеҳӣ-ситодӣ барои ҳайати роҳбарии ҳукумати иҷроияи маҳаллии ноҳияҳо, хадамотҳои роҳ, тиббӣ, зиддисӯхтор, ки шомили Системаи ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодда мебошанд, доир шуданд. 

Дар марҳилаи дуввум масъалаҳои иҷрои амалии неруҳо ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ оид ба бартарафсозии  ҳолатҳои фавқулодда, ҷобаҷосозии нуқтаҳои муҳаррики идорӣ тамрин шуданд.  Барои ҳар ноҳия сенарияи ҳолати фавқулоддаи шартии хоси ҳамон минтақа бо назардошти хатарҳо таҳия шуда буд.

Да доираи тамринҳо корҳои омӯзишии садамавиву барқарорсосзӣ ва дигар корҳои фаврӣ гузаронида шуданд, интиқоли аҳолии дар маҳалҳои шартии офати табиӣ зарардида ба манотиқи амн роҳандозӣ шуд.

Нуқтаи муҳаррики  идории неруҳои мудофиаи гражданӣ сохта шуданд. Мутахассисони Кумита ба аҳолии ноҳияҳо қоидаҳои амал дар ҳолатҳое чун омадани сел, ярч, заминларзаро фаҳмониданд. 

Дар ҷараёни зинаи сеюм гуруҳи кории КҲФ ҳамчунин якҷо бо аҳолӣ корҳои соҳилбандӣ бо усули ҳашар гузарониданд, соҳилҳо, каналу ҷӯйборҳоро аз регу қум тоза карданд, барои таҳкими соҳилҳо ниҳол шинонданд.

Ҳамчунин пулҳое, ки рустоҳоро ба ҳам васл мекарданд, таъмир ва миёни аҳолӣ варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуданд.