Ҳайате аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии ҷонишини Раиси Кумита, полковник М.Салимзода дар даҳумин Салони байналмилалии воситаҳои таъмини бехатарӣ “Маҷмаъаи бехатарӣ-2017”, ки дар қаламрави маркази наҷоти Ногини Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия мегузарад, ширкат дорад.
Дар доираи намоиши вижа ҷонишини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо ҷонишини аввали вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Русия В.В. Степанов ва раиси Шӯрои директорони маркази илмӣ-истеҳсолии ВҲФ Русия А.Ю. Виноградов мулоқот кард.
Дар ин вохӯриҳо масъалаҳои омодагӣ ва бозомӯзии кадрҳо, ташкили давраҳои омӯзишии такмили ихтисоси иқтидори кадрии КҲФ, ҳамчунин воҳидҳои наҷоти Кумита мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин ҳайати Кумита дар омӯзиши намоишие, ки дар машқгоҳи таълимиву тамринии маркази наҷоти Ногини ВҲВ Русия дар доираи Салони байналмилалӣ баргузор шуда буд, ширкат варзид.
Зикр бомаврид аст, ки мақсади асосии чорабинии мазкур расонидани иттилоъ дар бораи натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмӣ ва тарҳҳо дар самти бехатарии ҳаёти одамон, коҳиши хатар ва кам кардани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, таъмини амнияти одамон дар иншоотҳои обӣ ба шумор меравад.