Кормандони Раёсати Кумита дар Суғд бори дигар барои ниёзмандон хун супурданд
Чоп шуд: 22/02/2019 | adminДар доираи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи татбиқи Тартиби ташкили донории хун ва ҷузъҳои он ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда – садамаҳо, офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд” ва “Барномаи миллии рушди донори хун ва ҷузъҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019” кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои ниёзмандон хун супурданд.