Бахшида ба «Рузи байналмилии ҳифзи муҳити зист» иқдоми муштарак баргузор гашт
Чоп шуд: 06/06/2019 | redaktor
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологӣ дар давраи то соли 2020», ки 2 апрели соли 2015 № 178 қабул гардидааст, инчунин ҷиҳати иҷрои Нақша-чорабиниҳои Кумита барои соли 2019, аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иқдоми «Тозагии соҳил» бо ҷалби сарбозони қисмҳои ҳарбии Кумита гузаронида шуд.