Бахшида ба Рӯзи Парчам 22-юми ноябри соли равон, ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ВМКБ дар раҳпаймоӣ, ки бо ибтикори МИМҲД-и вилоят гузаронида шуд ба пуррагӣ иштирок намуданд. Дар роҳпаймоӣ кормандони Раёсат бо Парчами Давлатӣ ва овезаҳо оид ба ин санаи муҳим дар даст дошта, фаъолона иштирок намуданд.
Дар нимаи аввали рӯзи 23-юми ноябр дар Раёсат бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марши тантанавӣ гузаронида шуда, дар толори Раёсат маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар маҷлиси тантанавӣ Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ подполковник Мираков Наим ҳайати шахсиро аз номи Раиси Кумита табрик намуда, ҳозиринро бо сарбаландона адо намудани хизматҳои минбаъдаи ҳарбӣ барору комёбӣ иброз намуд.
Инчунин худи ҳамин рӯз ҳайати роҳбарикунандаи Раёсат дар маҷлиси тантанавӣ ва консерти идона бахшида ба Рӯзи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар толори МИМҲД-и вилоят гузашт, иштирок намуданд.
Ш. Маставлиев, сардори бахши
робита бо ҷомеаи Раёсат,лейтенанти хурд.