Баррасии таҳкими равобити КҲФ ва GIZ (Олмон)

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон лоиҳаи нави Анҷумани ҳамкориҳои байналмилалии Олмон дар Тоҷикистон, ки Вазорати иқтисод ва рушди Олмон барои таҳкими иқтидори сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар сатҳи ин анҷуман сармоягузорӣ мекунад, рӯнамоӣ шуд. Қарор аст ин тарҳ то соли 2022 идома кунад ва панҷ ноҳияи озмоиширо фаро гирад. Ин лоиҳа имкон медиҳад, ки дар КҲФ пойгоҳи иттилооти  ҷуғрофӣ сохта шавад.

  Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҳайати намояндагии Анҷумани ҳамкориҳои байналмилалии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (GIZ) бо сарварии Директори он хонум Сабина Олтхофро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои имзои ҳамкориҳои дуҷониба миёни КҲФ ва GIZ дар самти ҳолатҳои фавқулода, ҳамчунин рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар масъалаҳои пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода ва ҳамкориҳои муштарак дар ин замина баррасӣ шуданд.  

Ғайр аз ин лоиҳаи нави GIZ, ки Вазорати иқтисод ва рушди Олмон барои таҳкими иқтидори сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар сатҳи ин ҷомеа сармоягузорӣ мекунад, рӯнамоӣ шуд. Қарор аст ин тарҳ то соли 2022 идома кунад ва панҷ ноҳияи озмоиширо фаро гирад. Ин лоиҳа имкон медиҳад, ки дар КҲФ пойгоҳи иттилооти  ҷуғрофӣ сохта шавад.   

Раиси Кумита зикр намуд, ки муносибатҳо миёни Кумита ва Анҷумани ҳамкориҳои байналмилалии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (GIZ) дар ин самт дар авлавият қарор дорад ва КҲФ ба ин таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад. 

Хонум Олтхоф изҳори боварӣ кард, ки дар оянда низ ҳама талошҳои лозимро анҷом хоҳад дод, то равобит миёни  GIZ ва КҲФ боз ҳам тақвият ёбад.

Дар ҷараёни мулоқот дар масъалаҳои барои ҷонибҳои судманд табодули афкор сурат гирифт. 

барчасп: