Дар Раёсати вилояти Суғд бахшида ба ифтихори Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид. Ҳайати шахсӣ дар ҳавлии Раёсат саф ороста, бо ироаи суруди миллӣ ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, Парчами давлатӣ барафрохта шуд.
Баъдан муовини сардори Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ подполковник Собирзода Ширинҷон Собир ба сухан баромада, табрикоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи ҳозирин расонид.
Зикр гардид, ки Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии Ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори давлатӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад, ки дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикситон қабул гардида буд. Ба таъбири Пешвои муаззами миллат “Агар забон қалби миллат бошад, Парчамро метавон сари баланди халқ номид.” Чун ҳар ҷо Парчам барафрохта шавад, мардуми кишвар бо сари баланд ба сўи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ дучанд эҳсос мешавад. Парчами давлатӣ барои мо-тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, Вахдати миллӣ, Ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рўҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.
Ба ифтихори Рўзи Парчами давлатӣ ва барои дарёфти ҷоми Сардори Раёсат байни кормандони Раёсати вилоят ва қисми низомии 45025-и Кумита мусобиқаҳои варзишӣ аз рўи бозиҳои воллейболу футбол баргузор гардид. Аз рўи натиҷаҳои бадастомада, Дастаи футболбозони Раёсат 1 бар 0 ва аз рўи варзиши волейбол Дастаи қисми низомиро ма-луб карданд ва аз тарафи Роҳбарияти Раёсат бо ифтихорнома ва тўҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардони шуданд.
Дар поёни чорабинӣ бахши фарҳанги низ доир шуд.
Шаҳзода Бутаева, сардори бахши кор
бо ҷомеаи Раёсат, лейтенант